Сайёҳӣ Хабарҳо

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМ БА МАҶЛИСИ ОЛИИ МАМЛАКАТ СОЛИ 2018-РО “СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” ЭЪЛОН НАМУДАНД.

        Сайёҳӣ яке аз роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

         Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат  соли 2018-ро  “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

       Метавон гуфт, ки ин иқдоми сарвари тоҷикон қадами устуворе барои боло бурдани сатҳи накуаҳволии ҷомеа ва сарвақтӣ дониста мешавад.

         Ноҳияи Шаҳринав пораест аз сарзамини куҳанбунёди тоҷикон, ки дар водии хушманзараи Ҳисор воқеъ  гардидааст. Шаҳринав сарзамини мардуми меҳмоннавозу фарҳангдӯст буда, табиати пурнакҳаташ ба дилҳо фараҳ, насими гулафшонаш рӯҳро болида медорад. Мавзеъҳои биҳиштосову  дилкаш, манзараҳои табиӣ, куҳҳои зебову осмонбӯс, пиряхҳо, обҳои шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои оби мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот олами нокакрор буда, дар ноҳия  барои сайёҳон мавзеъҳои  таърихию фарҳангӣ, зиёратӣ, табобатию солимгардонӣ, экологӣ, шикору моҳидорӣ  ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ  мавҷуд буда, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ноҳия, ҶСП “Пансионати муолиҷавии Қаратоғ”, мавзеъҳои зебоманзари “Пуштимиёна”, “Патрӯ”, “Ҳакимӣ”, “Ойборик”, “тахти Сулаймон”, кӯлҳои “Темурдара”, “Париён”, “Ҷувозак”, зиёратгоҳҳои мазори “Хоҷа Ҳасан” ва “Чашмаи моҳиёни Хуҷӣ” барои рушди сайёҳӣ ва сайёҳат макони беҳтарин мебошад.

        Кӯли “Темурдарра”  кӯли табиӣ буда, дар натиҷаи лағжиши пирях ва кандашавии кӯҳ пайдо шудааст. Кӯл дар баландии 1970 метр аз сатҳи баҳр дар кисмати шимолу шарқии дараи Қаратоғ аз маркази ноҳия дар масофаи 38 км ҷойгир буда масоҳати сатҳи кӯл 0,085 км2  (8,5 га) дарозиаш 500м  ва паҳноии кӯл 171 метрро ташкил дода чуқурии он ба 15,9метр баробар мебошад. Бо шакли давра масоҳати кӯл 1400 метр мебошад. Дар фасли тобистон аз охири моҳи июн то аввалҳои моҳи сентябр ҳаҷми оби кӯл зиёда аз 1 млн 368 ҳазор кубро  нишон медиҳад.

Кӯли “Париён” дар қисмати шимолии дараи Қаратоғ ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ҷойгир буда, кӯли қадимаи табиист. Он дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр ва  аз маркази ноҳияи Шаҳринав дар масофаи 68 км ҷойгир шудааст. Масоҳати сатҳи кӯл 0,14 км2 (14 га)  дарозиаш 700м, бараш 200м ва чуқуриаш 18,6 метр мебошад. Аз моҳи сентябр камшавии оби кӯл оғоз гардида то аввалҳои моҳи сентябр оби кӯл зиёда аз 2 млн 520 ҳаз кубро нишон медиҳад.

Кӯли “Ҷувозак” дар қисмати шимолу шарқии дараи Қаратоғ ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ҷойгир буда, кӯли қадимаи табиист, дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ва  аз маркази ноҳияи Шаҳринав дар масофаи 42 км ҷойгир шудааст. Масоҳати сатҳи кӯл 0,23 км2 (2,3 га)  дарозиаш 170м, бараш 130м ва чуқуриаш 16 метр мебошад. Аз моҳи сентябр оби кӯл ба камшавӣ оғоз карда то аввалҳои моҳи сентябр  зиёда аз 353 ҳазор кубро нишон медиҳад.

 

Мавзеи мазори “Хоҷа Ҳасан” таърихӣ буда, дар бораи бародарон Хоҷа Ҳасан ва Хоҷа Лакон ва роҳи тиҷоратии шаҳрҳои Самарқанду Қаратоғ далолат менамояд. Мавзеъ аз маркази самти шимоли деҳаи Қаратоғ 45 км-ро ташкил медиҳад.

        Масоҳати ноҳия 1000 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад. Ноҳия дар қисми ғарбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Масофа аз шаҳри Душанбе то ноҳияи Шаҳринав 43 км-ро ташкил медиҳад.

         Аз рӯи маълумотҳои мушоҳидашуда ба мо маълум гардид, ки ба нуқтаҳои сайёҳии ноҳия дар соли 2017 ба ҳисоби миёна 4399 нафар сайёҳони дохилӣ ва 1871 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки онҳо аз ҳар гӯшаю манотиқи дунё буданд. Бо ин мақсад барои рушду ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

 

                       Сармутахассис рушди сайёҳӣ (туризм) шуъбаи фарҳанги                                      ноҳияи Шаҳринав                                                                                 

Мирзоев  Маҳмадлатиф

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code