Эълонҳо

КӮДАКИСТОНИ «ОЛАМИ АФСОНА»

   Кӯдакистон барои  60 нафар кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст. Он дорои утоқҳои кушоду барҳаво, майдончаи васеи бозӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои замонавии варзишӣ, ҳавзи оббозӣ мебошад. Хонаи бозии кӯдакон бо миқдори хеле зиёди бозичаҳои ба талаботӣ стандарт ҷавобгӯ, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ таъмин аст. Инчунин барои гузаронидани машғулият ва бозиҳо аёниятҳо ва воситаҳои техникӣ телевизор, DVD ва планшетҳо муҳайё карда шудааст. Дар дохили гурӯҳ гӯшаҳои гуногун созмон дода шудааст, ки барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон мусоидат менамояд. Ба воситаи гӯшаҳои мазкур кӯдакон бо анъанаҳои миллӣ, касбу корҳо нигоҳубини гулҳои хонагӣ ва ғайра шинос карда мешаванд. Дар хонаи хоби кӯдакон катҳои хоб бо тамоми ҷиҳозҳои хоб омода карда шудааст. Толори варзишӣ низ бо таҷҳизотҳои варзишӣ таъмин мебошад.

       Дар як рӯз ба кӯдакон се маротиба хӯрокҳои серғизо, хӯришҳо ва нӯшобаҳо дода мешавад.

      Забони таҳсил асосан бо забони русӣ мебошад ва мураббияҳои соҳиби ихтисос ва русзабон ҷалб карда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code