Сайёҳӣ Хабарҳо

РУШДИ САЙЁҲӢ ЗАМИНАИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ

    Бо эълон гардидани соли 2019 -2021  хамчун солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ касбу ҳунармандӣ, ки соҳаҳои суннатии фаъолияти мардумони шаҳр ва қисман деҳоти тоҷикони Осиёи Марказӣ ба шумор рафта боз ҳам дар рушду нумӯъ аст. Косибӣ номи умумии касбҳои анъанавӣ буда, онро ҳунармандӣ ва пешаварӣ низ мегӯянд. То нимаҳои садаи ХХ шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона, Истаравшан, Ҳисор, Кӯлоб, Панҷакент, Конибодом, Исфара ва дигар шаҳрҳои тоҷикон марказҳои косибӣ ба шумор мерафтанд. Дар ин шаҳрҳо касбу ҳунарҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ, кордгарӣ, наългарӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, созтарошӣ, шонагарӣ, кулолӣ, танӯрсозӣ, бофандагӣ, қолинбофӣ, чармгарӣ, кафшдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, собунгарӣ, ҳалвогарӣ, баққолӣ ва амсоли инҳо рушд ёфта буданд. Баъзе аз ин пешаҳо, агар баробари рушду тараққии соҳаи истеҳсолот аз байн рафта бошанд, бархе дигар то ба имрӯз мавҷуд буда, аҳли ҳунар бо маснуоти истеҳсолнамудаи худ талаботи мардумро қонеъ мегардонанд. Мо мехоҳем, ки минбаъд дар гӯшаи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» роҷеъ ба касбу ҳунарҳои анъанавӣ маълумот диҳем, то ки ин бахши фарҳанги миллии мо ба ҳукми фармӯшӣ наравад.

Бофандагӣ яке касбҳои суннатии халқи тоҷик буда, дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз замонҳои қадим маъмул буд. Бофандагон тавассути олоти кории худ – ҳаллоҷӣ, чарх, дӯкон ва ғайра асосан, аз ресмонҳои пахтагин, абрешимӣ, пашмин, канабӣ ва зағирпоягӣ матоъҳои гуногун мебофтанд. Ҳар як матоъ аз бофтаҳои амудиву уфуқӣ – тору пуд иборат мебошад. Тайёр кардани тору пуд аз амалҳои нахпечонӣ, тортанӣ, оҳардиҳӣ ва фарқкушоӣ иборат аст. Торро дар дастгоҳ ё дӯкон таранг мебанданд ва пудҳоро аз байни риштаҳо бо як тартиби муайян гузаронида устувор мекунанд. Ҳангоми бо тартиби гуногун бофтани тору пуд матоъҳои ҳархела ва тавассути бофтан бо риштаҳои рангҳояшон мухталиф нақшҳои рах-рах, катак ва гулдору суратдор ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ матоъҳои алоча, адрас, атлас, чит, суф, карбос, қаламӣ ва навъҳои дигар истеҳсол мешаванд. Пешрафти ҳунармандӣ  барои муаррифии армуғонҳои кишвар сабаб гардида, ёдгорие барои сайёҳон аз ин кишвари биҳиштосо мегардад.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code