Сиёсат

ПАРЧАМИ ТОҶИК ПАРФИШОН ТО АБАД.

Рӯзи Парчами  давлатии Тоҷикистон дар диёри мо Шаҳринави бостонӣ басо бошукӯҳу хотирмон таҷлил гардид. Дар арафаи ин ҷашн дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаю муассисаҳо ҷамъомадҳои хоса бо иштироки фаъолону собиқадорон гузаронида шуда ҷиҳати посдории ин рамзи давлатӣ баромаду андешаҳо баён гардиданд.  23 ноябр маркази ноҳия намуди идона ба бар дошт. Дар пештоқи биною идораҳо ва хиёбону гулгаштҳо Парчами давлатӣ парафшонӣ мекарду қатори ҷавонону сокинон бо парчамҳои давлатӣ таҳти навои дафу карнаю сурнай роҳпаймоиро оғоз намуданд. Онҳо аз хиёбони марказӣ гузашта ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия раҳсипор гардиданд.

 

Сипас дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия ҷамъомади ботантана, ки бо васфи Ватани маҳбуб, эҳтиром ба рамзҳои давлатдории кишвари соҳибистиқлоламон оғоз ёфт, раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода иштирокдорон ва тамоми сокинони диёрро ба муносибати рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуд. Инчунин хизматҳои  чанде аз роҳбарону фаъолони ноҳияро  бо ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия қадрдонӣ намуд. Хонандагони муассисаҳои таълимии  ноҳия бо шеъру таронаҳо дар васфи Парчам ва диёру кишвар баромад карда, ҳунармандони  шӯъбаи фарҳанги ноҳия ва дастпарварони мактаби мусиқӣ бо барномаи дилнишини консертӣ хотири иштирокдоронро  шод  намуданд. Дар давоми ҳамоиш толор ва саҳнаро парафшонии Парчами миллӣ шукӯҳи хоса бахшиду дар дили ҳар як нафар иштирокдорон ҳисси ифтихору ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро бедор намуд. Ва беихтиёр ин гуфтор аз лафзи ҳама садо медод:

Парчами мо бод парафшон то абад.    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code