Сайёҳӣ

Шаҳринав – диёри кӯлҳои зебову чашмаву рӯдҳои мусаффост.

Ноҳияи Шаҳринав сарзамини мардуми меҳмоннавоз, минтақаи меваҳои шаҳдбор, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои нотакрори табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои ширини шифобахш, кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, ҳайвоноту наботот ва як олами нотакрор буда, макони беҳтарин барои  сайру саёҳат мебошад. Ноҳияи  Шаҳринав дар қисмати ғарбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Масофаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав 43 км-ро ташкил медиҳад. Табиати афсунгару хониши паррандаҳои хушилҳом ва олами ҳайвоноташ аз қадимулайём дили ҳаводорони табиатро тасхир намудааст. Аз ҷумла кӯлҳои дар оғӯши кӯҳу пуштаҳои дараи Қаратоғ воқеъгардида дар ҳақиқат ҳам нодиранд. Ин се гавҳари бебаҳо кӯлҳои Париён, Темурдара ва Ҷувозак мебошанд.                                            

                                            Кӯли Париён

 

 

Кӯли Париён 50 км дур аз  маркази ноҳияи Шаҳринав, дар самти чапи дарёи Қаратоғ ва дар  баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Масоҳати кӯл 0,14км2 (14га), дарозиаш 700 метр, бараш 150 – 250 метр ва чуқуриаш 15,8 метр мебошад. Оби  кӯл хуштаъм буда, софу зулол аст. Манбаи оби кӯли Париён барфҳои мавсимӣ ва пиряхҳо буда, сароби он  4860 метрро ташкил медиҳад. Кӯл аз дарёчаҳои Қадамтош, Чапдара ва Ангишт пур мешавад. Оби  кӯл то резишгоҳи дарёи Қаратоғ номи дарёи Париёнро гирифтааст. Сароби  дарёи Париён дар саргаҳ васеъ буда, пас аз ҷорӣ шудан аз кӯл маҷрояш танг мегардад.   

                                          Кӯли Темурдара   

Кӯли Темурдара  дар натиҷаи лағжиши пирях ва кандашавии кӯҳ пайдо гардида, 36 км дур аз маркази ноҳияи Шаҳринав, дар соҳили чапи дарёи Қаратоғ дар баландии 1970 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Масоҳати кӯл 0,085 км2 (8,5га), дарозии атрофаш 1400 метр, чуқуриаш 15,9 метр мебошад. Манбаи обгирии кӯл пирях ва боришоти барфу борон дар ағбаҳои Казнок, Сепоя, Оқтош, кӯҳи Хоҷа Мафраҷ  ва Ҳилол  мебошад. Атрофи кӯли Темурдара васеъ ва барои сайру сайёҳат ҷолиб аст.

                                     Кӯли Ҷувозак

Кӯли Ҷувозак дар масофаи 34 километри қисми шимолии маркази ноҳияи Шаҳринав дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Масоҳати кӯл 0,023 км2 (2,3 га), бараш 130 метр, дарозиаш 170 метр, чуқуриаш 16 метр аст.  Оби кӯл ширину софу зулол аст. Манбаи он боришоти барфу борон дар ағбаҳои Сепоя, Меш ва кӯҳи Ҳилол  мебошад.  

Марҳабо, ба ин се гавҳари бебаҳо: кӯлҳои Париён, Темурдара ва Ҷувозак

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code