Хабарҳо

Ҷамъбасти сол умедбахш аст.

 

8 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии   ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 баргузор гардид.

Раиси ноҳия Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин зимни баромад натиҷаи  фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлил қарор дода изҳор дошт, ки рушди иқтисодию иҷтимоӣ нисбат ба солҳои пешин хеле пеш рафта, он имкон медиҳад, ки дар соли нав фаъолияти корхонаю хоҷагиҳо беҳтар гардид. Инчунин дар ҷодаи созандагию ободкориҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Баъд чанде аз иштирокдорони маҷлис ба музокира баромада ҷиҳати фаъолият ва нақшаҳои ояндаашон ибрози назар намуданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории КВД «Тоҷик агролизинг» Юсуф Акрамзода дар баромади худ рафти бунёди иншоотҳои ҷашниро бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб арзёби намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар соли 2020 шумораи онҳо бештар гардида корхонаю муассисаҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Иштирокчиёни маҷлис аз рўи масъалаи муҳокимашуда қарори дахлдор қабул намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code