Маориф

Маориф пояи давлат аст

Маориф дар Тоҷикистон – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати  иҷтимоӣ  маҳсуб меёбад. Пешвои миллат зимни сафари корияшон ба ноҳияи  Шаҳринав низ дар амал татбиқ шудани ин сиёсатро аз маорифчиёни ноҳия талаб намуданд.  Сўҳбати мо бо мудири Шўъбаи маорифи ноҳия Мушарафа  Шарифова.

Имсол хонандагон аз моҳи апрели соли  2020  ба таътили  тобистона баромада буданд. Барои  аз барномаи таълимӣ қафо намондан дасҳо аз 17.08.2020  оғоз гардид.  Бо  мақсади  дар амал  татбиқ  намудани  Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020  таҳти рақами 1365  ва зимни он Амри раиси ноҳия аз 30.03.2020, №29 ва фармоиши мудири шўъбаи маориф аз 01.04.2020 №54 дар бораи пурзур намудани чораҳои  зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти  нави  коронавирус  COVID- 19  дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, дастраси ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Ҳамзамон Ситод ва нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, бо усули  хона ба хона, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотӣ бурда  шуд. Инчунин  дар тамоми  муассисаҳои  таълимӣ  маводҳои дезинфексионӣ, спирт, хлор, собун, дастшўякҳо, ниқобҳои  тиббӣ  муҳайё  карда  шуданд.

Дар асоси супориши раиси ситод дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби кумитаи падару модарон, сарпарастон, соҳибкорон ниқобҳои тиббӣ ба миқдори 115000  дона тайёр карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ҳамаи даромадгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ монеаҳои зиддиэпидемикии  хлоркардашуда, ҳароратсанҷ, дастшуякҳо бо воситаҳои шўянда омада карда шудааст. Ҳамарўза хонандагон аз назорат гузаронида шуда, кўдакони  беморро ба руйхат гирифта ба  дафтарҳои махсус ба қайд гирифта мешавад. Оид ба пешгирии авҷи  дуюми бемории сироятии (СOVID-19) дар асоси фармоиши хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурӣ аз 27.08.2020, №06/3-1979  рўзҳои  20.08.20 ва 21.08.20 бо роҳбарии Чиниев Файзиддин Хоркашевич, сармутахассиси раёсати номбурда муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва ЛКТ №11-ро оиди чораҳои  пешгирӣ аз бемории сироятии (СOVID-19) санҷида баромаданд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва  зертобеи он шароитҳои зиддиэпидемикӣ  хуб муҳайё карда шудааст.

-Вазъи таҳсил тибқи квотаи президентӣ имсол чӣ гуна аст?

26  марти  соли  ҷорӣ   бо  мақсади  таъмини  иҷрои  фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2017, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани «Тартиби қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Марказ  озмуни  суҳбат бо духтарону писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  дохил  мешаванд,  бо  иштироки  182  нафар довталаб гузаронид. Аз ин 85 нафар барои иштирок дар даври Ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Натиҷаи олимпиадаи мактаббачагон чӣ гуна аст?     Рўзҳои 8-9 ва 15-16 феврали соли 2020 даври минтақавии олимпиадаи фаннии мактаббачагон (анъанавӣ)  барои синфҳои 9-11 баргузор гардид, ки дар он лаёқатмандони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 28 нафар  иширокчиён аз  синфҳои 9-10 сазовори ҷойҳои намоён гаштанд ва ин ғолибон ба  даври минтақавии олимпиадаи даставӣ иштирок намуда, 7 нафарашон ғолибият ба даст оварданд 4 нафар лаёқатмандон аз синфҳои 11–ум  дар даври Ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон  соҳиби ҷойҳои 2 ва 3 гардиданд.

–  Дар байни хонандагони ноҳия  чанд нафар гирандагони стипендияи президентӣ ҳастанд?

–  23 сентябри соли ҷорӣ дар  якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия даври ноҳиявии озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳияро гузаронидаам, ки дар он 6 нафар соҳибистеъдодҳо ғолиб ва гирандаи стипендияи Президентӣ, 15 нафар гирандаи стипендияи раиси ноҳия гаштанд.

–   Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмониву ободкорӣ дар муассисаҳои таълимӣ  чи гуна пеш рафта истодаанд?

– Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.18, №АП-1059 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ идома  доранд.

Аз рўи нақшаи чорабиниҳо  муассисаҳои таълимии №1,45, кўдакистони №1,  муассисаҳои таълимии №4,39,28,38,36, корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагиро ба анҷом расониданд.

Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №12 ва 34 сохтмони  бинои  нави  таълимӣ  иборат аз 8 синфхона аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии ноҳия, сарпарастон ва мардуми маҳал  ба роҳ монда шуда,  айни  ҳол корҳои ободонӣ дар рангу бор намудани муассиса рафта  истодааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти  умумии №7,31,33,35,53  корҳои сохтмонӣ идома  дорад.

Дар муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №8 ва 26 дару тирезаҳои  куҳнаи  бино бо тирезаҳои нави замонавии  пластикӣ  иваз карда  шуд.  Дар  муассисаи таҳсилоти  умумии асосии №47, 27 кор дар самти болопўш кардани бинои таълимӣ идома дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46, сохтмони 4-синфхонаи иловагӣ ба анҷом расид.

Хулоса, дар ноҳия бунёди 180 синфхона ба нақша гирифта шудааст. Аз ин миқдор, 14 бинои  нави  таълимӣ  иборат аз 4 то 18 синфхона тарҳрезӣ шудааст, ки айни њол 5-тоаш (мактабҳои №25,42,44,45,18)  ба истифода дода шуданд. Дар маҷмўъ, баъди ба истифода додани 180 синфхона дар як баст имконияти 4500  ҷойи нишаст  муҳайё хоҳад шуд.

-Вазъи ба таълиму тарбия фаро гирифтани кўдакони синни то 7-сола дар ноҳия чӣ гуна аст?

-Дар ноҳия 3 муассисаи томактабии давлатӣ бо теъдоди 468 нафар кўдакон дар 10 гуруҳ ба таълиму тарбия  фаро гирифта  шудааст. Дар ин кўдакистонҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбияи томактабӣ муҳайё карда шудааст.  Моњи  сентябри  соли  2020 бо  иқдоми  соҳибкори  маҳаллӣ Мавҷуда  Ҳакимова литсейи хусусии ба “Нури  ирфон” дар ҷамоати деҳоти  Шаҳринав барои  240 нафар, дар ҷамоати  ба номи  А. Ҳасанов  кўдакистони  хусусии  “Назокат” барои  150 нафар  кўдакони  синни 4-6 сола  ва  бо ташаббуси соҳибкор  Зиёдуллоев Рамазон дар шаҳраки М. Турсунзода   литсейи хусусии иборат аз 12 синфхонаи  “Нур” бо таълими ба  забони  русӣ барои  250  нафар   хонандагон ва 50 нафар кўдакони синни томактабӣ  бунёд  гардида, мавриди истифода қарор  дода  шуд.   Бо мақсади беҳтар  намудани  вазъият ва иҷрои  талаботҳои  «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва  миёнаи  умумии  хусусӣ  барои  солҳои  2014-2020 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди 37 муассисаи  таълимии ноҳия бо фарогирии 1215 нафар кўдакони синни 4-6-сола дар 49 гурўҳ Марказҳои  инкишофи кўдакон фаъолият дорад. Маркази инкишофи кўдакон дар назди муассисаи таълимии №9, Ҷамоати деҳоти Чуст бо фарогирии 60 нафар наврасон бо тамоми шароитҳо  ва маркази инкишофи кўдакони хусусии Ҷураев  Каромат бо фарорасии 48 нафар  дар Ҷамоати деҳоти Сабо фаъолияти пурсамар дорад.

-Рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” чи тавр ба роҳ монда шудааст?

-Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо шахсони рўзгордида вохўрию сўҳбатҳо оид ба тарбияи дурусти фарзандонс гузаронида  шуданд. Рўзҳои  шанбеи  ҳар ҳафта «Рўзи падару модарон» эълон шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ  2020-нафар падару модарон ба дарсҳои фарзандонашон ва омўзгорон иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои муштарак ба 22-нафар роҳбарони синфҳои 9-11 нисбати бемасъулиятиашон варақаи «Огоҳнома», 14-нафар падару модарон ба прокуратураи нония пешниҳод карда шуда, ба 4- нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  ҷазои интизомӣ муқаррар карда шуданд.

-Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” чи гуна ҷамъбаст гардид?

Даври ноҳиявии озмун 17.08.2020 баргузор гардида,12 нафар хонандагон муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба даври  минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Рўзи 3.10.2020 дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии озмун баргузор гардида, 7-нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида ба даври Ҷумҳуриявии озмуни “Фурғи субҳи доноӣ  китоб аст” роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code