Хабарҳо

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Ибодуллозода Қурбоналӣ – ҷонишини раиси ноҳияи Шаҳринав, Нугманова Фарзона – директори литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода, шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав – Нарзуллозода У. Ҳ., аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шаҳринав ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Дар кори Маҷлис сараввал гузориши Роҳбари Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нарзуллозода У.Ҳ. “Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуд.

Сипас аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис гузориши роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроия – Насриддинова М. “Дар бораи ҷамъбасти муқоисакунии аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав” шунида шуд.Аз рӯи масъалаҳои болозикр аз ҷониби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Маҷлис барои ҳамкориҳои судманд, ширкати фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» як қатор аъзои ситоди марказӣ ва ноҳиявии номзад, Нугманова Фарзона, Одинаева Чаманоро, Қурбонова Назокат, Маматқулова Азиза, Хидирова Гавҳар, Аҳмадзода Ҷамолиддин, Шодиев Ризо, Ризоев Маҳмадсаид бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав қадршиносӣ карда шуданд. Инчунин ба се нафар ҷавононе, ки ба сафи ҳизб шомил гардиданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана супорида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code