Хабарҳо

МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНА- ТАВАҶҶЎҲИ ВОЛИДОН БОЯД ЗИЁД БОШАД

Ҳар ниҳол ба обу ба парвариш ниёз дорад. Ҳеҷ инсоне ҳунарманд ба дунё наомадааст. Касе ё чизе барои ў сабаб мешаваду ҳунареро аз худ мекунад. Наздиктарин шахси инсон волидон мебошанд. Ҳеҷ каси дигар наметавонад ва масъул ҳам нест, ки ба фарзандон касберо биомўзад. Волидон барои таълиму тарбия, касбу ҳунаромўзии фарзандонашон масъул мебошанд. Волидон агар хоҳанд, ки ояндаи фарзандонашон дурахшон бошаду дар зиндагӣ танқисӣ накашад бояд барои ҳунаромўзии фарзанди худ ҳисса гузоранд. Аммо сад афсўс, ки волидоне, ки барои ҳунаромўзии фарзандонашон ҳисса мегузоранд ангуштшуморанд. Онҳо  барои харидории смартфонҳои модели нав маблағ меёбанду барои ҳунареро аз худ кардани фарзандашон саҳм намегузоранд.Дар ноҳия мактаби санъати бачагона фаъолият дорад, ки ба фарзандон касбу ҳунар ва санъати мусиқиро меомўзад. Фарзандонашон бад аз дарс ба оворагардиву кўчагардӣ машғул шуда, ҳатто дарсҳои мактабро ҳам тайёр намекунанд.  Шоири бузургвор Бадриддин Ҳилолӣ гуфтааст:

Айб аст, ки дар ҳунар накўшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напўшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст

Дар дидаи мардумон азиз аст.

  Омўзгорону хонандагони мактаби санъати бачагона аз ғамхориҳои доимии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати илму маориф, тарбияи насли наврас рўҳбаланд гардида дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия»-ро ҳамарўза чораандешӣ намудаанд. Тарбияи мусиқӣ дар қатори дигар омилҳои тарбия яке аз муҳимтарин омилҳо дар ташаккули шахсияти кўдак ба шумор меравад. 139 нафар хонандагон дар мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Шаҳринав дар шўъбаҳои: асбобҳои зарбӣ, асбобҳои нафасӣ, асбобҳои торӣ, сарояндагӣ, хореографӣ, театрӣ, рассомӣ, кулолгарӣ, ва мақомсароӣ таҳсил доранд. Ба онҳо 14 нафар омўзгорон таълим медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кард. Аз ин лиҳоз устодони мактаби санъати бачагона бештар диқати худро баҳри эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дуторнавозӣ, доиранавозӣ, кулолгарӣ, рассомӣ, санъати театрӣ, сурудҳои халқӣ равона сохта, аз тамоми восита ва имкониятҳо истифода мебаранд. Суруду мусиқӣ дар қалби бачаҳо ҳисси баланди меҳру муҳаббатро ба Ватан-модар ва атрофиён бедор мекунад. Ба гуфтаи директори мактаби санъати бачагона Болтаев Шамсиддин: бояд мо аз замони соҳибистиқлолии мамлакатамон шукрона карда, барои ҳунаромўзии фарзандонамон саҳм гузорем.  Омўзгорони мактаби санъати бачагонаи ноҳия кўшиш ба харҷ дода, истодаанд ки хонандагон аз асарҳои оҳангсозон ва таърихи санъати халқи тоҷик бештар маълумот дошта бошанд. Хонандагони мактаби санъати бачагона дар як қатор озмунҳо аз ҷумла «Тоҷикистон ватани азизи ман» 9 нафар иштирок намуда ба давраи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд ва дар барномаи телевизионии «Парвин» Холова Сарвиноз, Шодибеки Ҳасан, Кенҷаев Сафарбек иштирок намуда, созовори ҷойи аввал гашта ройгон ба донишгоҳи санъат қабул шуданд, ки боиси ифтихори мост.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code