деҳоти Чуст

Раиси Ҷамоати деҳоти Чуст

Гулов Баҳодур Муродович

Санаи таваллуд 23 апрели соли 1983

Ҷои таваллуд ноҳияи Шаҳринав

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 2005 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст

Ихтисос математикаи амалӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад ӯзбекӣ, русӣ

Унвони илмӣ надорад

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Суроға ноҳияи Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Чуст

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2006 – 2008 Ҳисобчии хоҷагии «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав

Солҳои 2008 – 2016 Сардори бригадаи №7 дар хоҷагии

«Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав

Аз соли 2016

Муовини раиси Кооперативи тиҷоратии «Наврӯз»-и ноҳияи Шаҳринав


 Маълумотномаи деҳот

Ҷамоати деҳоти Чуст соли 1935 ташкил гардида аз 14 -деҳа ва 17-маҳалла, 2468 хоҷагӣ ва 19202-нафар аҳоли иборат мебошад. Дар ҷамоат 11- муассисаи таълимӣ мавҷуд мебошад, ки аз онҳо 7-муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3- муассисаи таҳсилоти умумии асоси  ва 1- муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Ҷамоат дорои якмаркази саломатӣ ва 5- бунгоҳи тиббӣ буда ба аҳолии ҷамоат хизмат расонида истодааст. Дар ҳудуди ҷамоат корхонаи коркарди маҳсулотҳои шири « Бобоҷон », корхонаи коркарди хишти хом ва пухтаи « Оҷур », корхонаи ордбарори  «Ҳасан ва Ҳусен »,корхонаи коркарди сангҳои рангаи « Саидмуроди Диловар », корхонаи коркарди нафт ва корхонаи коркарди пахта мавҷуд мебошад. Ҷамоат дорои як бозорӣ фурӯши ҳама намуди маҳсулот, ва чорво аст. Дар ҷамоат 5- нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 5- нуқтаи фурӯши гази моеъ мавҷуд мебошад. Дар соҳаи хизмати маишӣ 4- сартарошхона, 3- дӯкони таъмири пойафзол, 1-дӯкони таъмири телевизион ва телефонҳои мобилӣ, 1- артели дузандагӣ, 4- нуқтаи таъмири автомобилҳо, 4- дӯкони дору фурӯши, 8- ошхона, 4- дӯкони нонпазӣ, 20- мағоза ва 3- дӯкони фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ фаъолият дорад.