деҳоти Сабо

Раиси Ҷамоати деҳоти Сабо

Пулотов Фируз Лолабоевич


Хислатномаи Ҷамоати деҳоти Сабо ноҳияи Шаҳринав

Ҷамоати деҳоти Сабо соли 1924 дар ҳудуди тумани Қаратоғ ташкил ёфтааст. Соли 1954 ба Шӯрои кумитаи “Шаҳринав” ҳамроҳ шуда ва бо қарори №15 аз 11.12.1992 дар асоси Қарори кумитаи иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Шаҳринав ба номи деҳоти “Сабо”  таъсис дода шуд. Масоҳати умумии Ҷамоати деҳот 6851 –гектару 20 сотиқ буда, аз он 1223 –гектару 29 сотиқ заминҳои обӣ мебошад. 1144 –гектару 80 сотиқ заминҳои корам аз он 794- гектару 37 сотиқ заминҳои корами обӣ, 350-гектару 43 сотиқ заминҳои лалмӣ, 534-гектару 10 сотиқ заминҳои маҳаллии аҳолинишинро ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” дар Ҷамоати деҳот 64 китоби хоҷагидорӣ мавҷудаст, ки таҳти назорати котиби Ҷамоат мебошад.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сабо 10 деҳа мавҷуд буда, аҳолии он 19122 – нафаро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳот 10 муассисаи таълимӣ

3- Маркази Саломатии Деҳотӣ

4- Бунгоҳи тиббӣ

1-бозор, 7 мағоза,

2- нуқтаи сӯзишворӣ, 1 –нуқтаи фурӯшӣ гази табиӣ, 1- Кооперативии Истеҳсолӣ “Пуштимиёна” , 90 – хоҷагии деҳқонии пилотӣ, 148-хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 1-нуқтаи фонди хурди қарздиҳии “Имдоди Рушд” ва “Маркази дастгирии назди Ҷамоати деҳоти Сабо” амал мекунад.