деҳоти Шаҳринав

Раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳринав

                                                                           Ахмедова Саитой Бобоевна

Санаи таваллуд 05 майи  соли 1965                 

Ҷои таваллуд  н.Шаҳринав

Миллат   тоҷик                                                     

Таҳсилот  олӣ   

Соли 1982  Омўзишгоҳи техникии №5 шаҳри Душанбе ва соли 2016 Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст,

Ихтисос    кассир контролёр, молшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад          русӣ

Унвони илмӣ  надорад

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё  не  не

Вазъи оилавӣ    оиладор 

Суроға      Ҷамоати  деҳоти  Шаҳринав,  ноҳияи Шаҳринав

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1982-1985-      Фурўшандаи  хурди фурўшгоҳи №23- и

                                        Ҷамъияти  матлуботи ноҳияи Шаҳринав 

Солҳои 1985-1986-      Фурўшандаи фурўшгоҳи Ҷамъияти матлуботи

                                        ноҳияи Шаҳринав 

Солҳои 1991-1997-      Мудири фурўшгоҳи ҷамъияти матлуботи

                                       ноҳияи Шаҳринав 

Солҳои 1997-2013-      Соҳибкори инфиродӣ

Солҳои 2013-2015-      Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳринав

Солҳои 2015-2016-      Соҳибкори инфиродӣ

Аз соли 2016                  Муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов

Аз 3.04.2018                  Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Шаҳринав

 


Тавсифи деҳоти Шаҳринав ноҳияи Шаҳринав

 Ҳудуди деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав дар самти ғарбии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии деҳот 196 гаро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла 127 га замини обӣ буда, масоҳати заминҳои кишт 36 га мебошад. Деҳот дар соҳили чапи дарёи Қаратоғ мавқеъ гирифтааст, ки оби ширини он метавонад барои истеҳсоли намудҳои гуногуни нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истифода шавад.

 Дар ибтидои соли 2018 аҳолии деҳот 11923-ро ташкил медиҳад, ки аз он 4250 нафарашон шахсони қобили меҳнат мебошад. Аз ин миқдор 1200 нафарашон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд.

 Соҳаи асосии иқтисодиёти деҳот саноат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо ду заводи истеҳсоли хишт, сехҳои қаннодӣ, нонпазӣ ва сехи истеҳсоли обҳои газнок фаъолият мекунанд.

 Деҳоти Шаҳринав маркази маъмурии ноҳияи Шаҳринав ба ҳисоб меравад. Аз маркази деҳот шоҳрохи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Душанбе – Турсунзода мегузарад.

 Деҳот аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Турсунзода дар масофаи 15 км ҷойгир аст.

 Деҳоти Шаҳринав аз рӯи ҷойгиршавии худ дар ҳаёти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав мавқеи муҳим дорад. Ҷамоати деҳоти Шаҳринав соли 1958 ҳамчун маркази ноҳияи Шаҳринав таъсис ёфта, соли 1959 баъди барҳам додани ноҳия ба ҳайати ноҳияи Ҳисор дохил гардидааст. Аз соли 1992 Ҷамоати деҳоти Шаҳринав аз нав маркази ноҳияи эҳёшудаи Шаҳринав маҳсуб меёбад.

 Шоҳроҳи Душанбе-Термиз ҳудуди деҳотро ба масофаи қариб 2,5 км бурида мегузарад, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи он аҳамияти муҳим дорад. Ҷамоати деҳоти Шаҳринав 29 кӯчаро дар бар мегирад.

 Деҳоти Шаҳринав аз пойтахти Ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км дурӣ воқеъ буда, масоҳати умумиаш 350 га-ро ташкил менамояд. Ҷамоати деҳоти Шаҳринав дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он бо хонаи истироҳатии «Қаратоғ» ва мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ маълуму машҳур аст. Ҳамасола дар ин истироҳатгоҳ теъдоди зиёди ҳамватанони мо ва хориҷиён фароғат менамоянд. Табиати хушбоду ҳаво ва мусоиди он, ки оби зулолу ширини дарёи Қаратоғ аз он ҷорист, диққати бисёр одамонро ба худ ҷалб намудааст. Тамоми идораҳои ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳот воқеъ гардидааст.

 Аҳолии Ҷамоати деҳоти Шаҳринав 11923 – нафар, аз он 5882- нафар занон ва 6041- нафар мардон мебошанд. Зиёда аз 70 фоизи аҳолии деҳот то синни 35 сола мебошад.

 Қисми зиёди аҳолии деҳотро тоҷикон ташкил менамоянд. Афзоиши солонаи аҳолии деҳот 2,9-3-фоизро ташкил медиҳад.

 Захираҳои меҳнатӣ. Шуғл. Таснифи аҳолӣ. 5665- нафар аҳолии деҳот қобили меҳнат аст, ки аз онҳо 1573 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Қисми зиёди занҳо дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои деҳот ба кор фаро гирифта шудаанд. Бархе аз онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. 20 фоизи мардони қаламрави Ҷамоат дар Ширкати алюминии тоҷик, 15 фоиз дар ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Душанбе, боқимонда дар ҳудуди деҳот ба меҳнати бунёдкорона машғуланд. Ҳар сол қариб 1994 – нафар шаҳрвандони деҳот ба Федератсияи Руссия ва Қазоқистон ба муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ мераванд.

то 5 сола 5-15 сола 15-25 сола 25-35 сола 35-45 сола 45-55 сола 55-60 сола 60 ва аз он боло Ҳамагӣ
Мардҳо 394 905 1331 1439 920 540 262 250 6041
Занҳо 350 941 1336 1423 901 520 226 185 5852
ҳамагӣ: 744 1846 2667 2862 1821 1060 488 435 11923

Махсусиятҳои сохтори иқтисодӣ

 Ҳиссаи асосии сохтори иқтисодии деҳот ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Соли 2016 дар ҳудуди деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 57,1 тонна ғалла, 608 тонна сабзавот, 400 тонна картошка, 14 тонна ангур, 140 тонна мева, 1200 тонна маҳсулоти нонӣ, 1300 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 12 ҳазор декалитр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол карда шуд.

Дар деҳот як бозор амал мекунад, ки қариб 300 нафар соҳибкорон дар он фаъолият менамоянд. Тамоми мавод ва ашёҳои заруриро аз ин бозорҳо дастрас кардан мумкин аст.

Инфрасохтори деҳот

 Дар деҳоти Шаҳринав дар қатори воҳидҳои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои қудратӣ инчунин филиалҳои панҷ бонки ҷумҳуриявӣ (Амонатбонк, Ориёнбонк, Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк, Тоҷиксодиротбонк) ва шуъбаҳои ташкилотҳои ғайридавлатии қарздиҳии хурди «Гендер ва тараққиёт», «Финка», «Ҳумо», «Эсхата», «Имон Интернешнл» дар рақобат ба ҳамдигар ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд.

Соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ дар деҳот дар як Терминал мутаҳҳид гардонида шудааст. Айни ҳол дар ин терминал 4 адад нақлиёти мусофиркашон, 21 адад нақлиёти боркаш, 105 адад автомобили кирокаш (таксӣ) ва 10 адад микроавтобус (газел) ба хизмати шаҳрвандон омода мебошанд.