шаҳраки Мирзо Турсунзода

Раиси Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода

Холиқов Бакриддин Абдулаҳатович

Санаи таваллуд 15 майи соли 1961

Ҷои таваллуд н.Шаҳринав

Миллат тоҷик

Таҳсилот олӣ

Соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос агрономӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Унвони илмӣ надорад

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оила дор

Суроға Ҷамоати деҳоти Шаҳринав, ноҳияи Шаҳринав

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1979-1981 Хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон

Солҳои 1982-1987 Ёрдамчии устои сехи бофандагии иттиҳодияи истеҳсолии «Шоҳибофии Шаҳринав»

Солҳои 1987-1988 Котиби озоди камитети комсомоли иттиҳодияи истеҳсолии «Шоҳибофии Шаҳринав»

Солҳои 1988-1993 Котиби камитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии қишлоқи Шаҳринав, ноҳияи Ҳисор

Солҳои 1993-1997 Котиби камитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Шаҳринав

Солҳои 1997-1998 Директори пункти ғаллақабулкунии ноҳияи Шаҳринав

Солҳои 1998-2002 Ҷонишини корхонаи ордбарории «Орди Шаҳринав»

Солҳои 2002-2015 Директори корхонаи орди вилояти Хатлон

Аз соли 2017 то ҳоло Раиси Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода


Маълумотномаи шаҳрак

Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода солӣ 1939 ташкил ёфта, « шаҳраки Октябр » ном дошт, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10. 2013 сол таҳти № 441 оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия, Ҷамоати шаҳракро ба номи М.Турсунзода гузаронида шуд.

Масоҳати умумии шаҳрак 894,200 кв 2 мебошад. Он аз 15 куча ва 1 маҳалла иборат аст. Дар ҳудуди шаҳрак 1833 хоҷагӣ буда дар он 11722 нафар шаҳрвандон истиқомат мекунанд, аз он 5667-занҳо, 5603-мардҳо буда ва 1765 нафар синнӣ то 14- сола мебошанд.

Дар Ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода 2-муассисии таълими умумӣ, 1-мактаби ибтидоӣ, 2-боғчаи бачагона, 1-Литсеи Касбӣ – Техникӣ, 3-китобхона, 3-варзишгоҳ, 2-бунгоҳи тиббӣ, 2-масҷиди паҷвақта мавҷуд аст.

Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода дорои 7- корхонаи калон, аз ҷумла: ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав», ҶДММ «Капитал», ҶДММ «Орди Шаҳринав», ҶДММ «Шараф», ( Заводи кансервабарорӣ ) ҶДММ «Баракат» Баракат, (Заводи пахтақабулкуни ) 1- филиали Амонатбонк, 1- филиали Агроинвенсбонк, 1- филиали Ориёнбонк, 1- филиали бонки Эсхата, 1- КНТММ « Досааф », 1- истгоҳи Роҳи оҳан, 1- Бозори фуруши маҳсулотҳои хурока, 44- мағозаи майда, 2-нуқтаи фуруши сузишвори, 1- ҳаммом, 4-сартарошхона, 3- осиёб, 3- сехи пахтатозакунӣ, 1- сехи истеҳсоли дару тиреза ва 5- ошхона мебошад.

Дар Ҷамоат 1- ШММ « Чептура » фаъолият дошта дар он 8- нафар кормандони милитсия кору фаъолият мебаранд. Дар ҳудуди шаҳрак 13- хоҷагии деҳқони мавҷуд буда, миқдори заминҳои ба онҳо вобаста гардида, 25,73 га-ро ташкил менамояд.