Таърих

Таърихи  ноҳия

Ноҳияи Шаҳринав 17 – уми сентябри соли 1927 дар асоси тумани Қаратоқи ҲМШС Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

– Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29- январи соли 1932 ноҳияи Ҳисор ва соли 1935 ноҳияи Регар аз Шаҳринав ҷудо карда шуданд.

– Соли 1959 бо мақсади калон кардани ноҳияҳо Шаҳринав барҳам дода шуда, ҳудудаш ба ноҳияи Регар ва Ҳисор ҳамроҳ гардид.

– 2 январи слои 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Шаҳринав аз нав барқарор карда шуд.

– Маркази ноҳия имрӯз аз 100 696 гектар иборат буда, 10 241 гектар замини корам, аз он 7223 гектар замини обёришаванда дорад.

Имрӯз шумораи аҳолии ноҳия зиёда аз 118 ҳазор нафар буда, дорои 7 ҷамоат ( 1 шаҳрак, 6 деҳот ), 73 деҳа, 2 хоҷагии ҳамоавӣ, 716 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 2 кооперативи истеҳсолӣ, 1 хоҷагии давлатӣ, 4 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 8 корхонаи саноатӣ, 3 ташкилоти сохтмонӣ мебошад.

– Дар ноҳия 53 мактаб, аз ҷумла 21 мактаби таҳсилоти умумии миёна, 16 мактаби миёнаи асосӣ, 16 мактаби ибтидоӣ мавҷуд аст.

– Инчунин дар ноҳия омӯзишгоҳи касбҳои техники № 11, мактаб парваришгоҳи ҷумҳуриявӣ барои ятимон, осоишгоҳи бачагонаи ҷумҳуриявии Қаратоқ, мактаби санъати бачагона, мактаби варзишӣ , хонаи истироҳат, 6 хонаи фарҳангӣ, 6 клуб, 18 китобхона 4 осорхона, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ва 2 боғчаи бачагона амал мекунад.

– Ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказӣ, 10 маркази мустақили хизматрасонии тиббӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 14 бунгоҳи саломатӣ, 16 дорухонаҳои хусусӣ, 3 ҳуҷраи дандонпизишкии хусусӣ, 38 иншоотҳои варзишӣ хизмат мерасонад.

– Барномаи рушди иrтисодӣ – иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015 амалӣ гашта, иншоотҳои маъмурӣ, маориф, тандурустӣ, хизматрасонию маиши ва биноҳои истиrоматӣ бунёд меёбанд.

 – Ояндаи наздик чоҳи нафти гази Сариқамиш ва корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ ба нафъи халқи тоҷик хизмат мекунад.